БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар доираи Аксияи ҳизбӣ макони кории худамонро боз ҳам ободтар мекунем!

А.ҶОМӢ. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар доираи баргузории нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба ободиву созандагӣ дар маҳал ва дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ,таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Маорифчиён», муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и  ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ташаббуси роҳбари муассисаи мазкур, Маҳсуддинов Алишер ва дастгирии Кумитаи падару модарон бунёди майдончаи варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин Аксия омӯзгорону хонандагон фаъолона иштирок намуда, баҳри ободии муассисаи худ меҳнаташонро дареғ намедоранд.

Дар ҳақиқат ҳайати кормандони муассисаи №2 бо корҳои ободониву созандагии худ баҳри амалӣ гардидани мақсаду мароми халқпарваронаи ҲХДТ бо садоқати самимӣ саъю талош варзида истодаанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg