БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Модарон ва бонувон бузургтарин қувва бар зидди терроризму ифротгароӣ!

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХД дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Фирӯза» хониши сиёсии ҳизбӣ оид ба расонидани моҳияти самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба аъзои ташкилоти ибтидоӣ бо иштироки  аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии болозикр ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон Алиева Фарзона, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Ғафорова Насимахон ва сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Хоҷаева София доир  гардид.

Мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Алиева Фарзона зимни баромад қайд намуд, ки  ифротгароӣ ва терроризм ба як зуҳуроти ниҳоят ташвишовар мубаддал ёфтаанд ва ин равандҳои хатарнок масъулияти модарону бонувонро боз ҳам зиёдтар карда, аз онҳо зиракӣ, ҳушёрӣ, назорати доимии фарзандон ва ба тарбияи онҳо ҷиддӣ машғул шуданро тақозо менамояд. Ф. Алиева иброз доштанд, ки бонувон ҳамчун офарандаи зиндагиву зебоӣ, бақои меҳру муҳаббат ва чароғи хонадон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон фаъолона ширкат варзида, ба хотири пешрафти давлатамон рисолати созандагии худро бо садоқату устувории модаронаи худ идома медиҳанд. Бинобар ин аз модарону бонувони ин ҷамъомад даъват менамоям, ки аҳли ҷомеа ва фарзандони худро ҷиҳати ҳифзи истиқлолияту озодӣ, амнияти давлатӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкими пояҳои Ваҳдати миллӣ раҳнамоӣ карда, барои бунёди давлати пешрафтаву соҳибтамаддун ва дунявию демократӣ талош варзанд ва номбардори ин Ватану хоки муқаддаси ниёгони хеш бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg