БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизбиён дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои мураккабу душвори сокинон вазифадоранд

Н.ХУСРАВ. Тибқи  ҷадвали  мувофиқашуда  оид  ба баргузории   мулоқоту  вохӯриҳо  дар  нимсолаи  дуюми  соли  2018  дар  ташкилоти  ибтидоии “Идораи  замини КДБФБ” хониши  сиёсӣ баргузор  гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав  оид  ба   вазифаҳои  сохторҳои  ҳизбӣ  сафарбар  намудани   мардум  ба  корҳои  созандагӣ, дар  амал  татбиқ  намудани  дастуру  супоришҳои  Асосгузори сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Раиси  муаззами  ҲХДТ муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  андешаронӣ карда,   қайд  намуд, ки  Сарвари  давлат   дар  назди  мо  кормандони  ҳизб  вазифа  гузоштанд, ки  бояд  ҳамеша  мардумро  роҳнамоӣ  кунем  ва  дар  ҳалли  муҳимтарин  масъалаҳои  мураккабу душвори  онҳо кӯмак  расонем. 

Ин  масъулият вазифаи  ҳар  як  корманди  мақомоти  давлатӣ, мақомоти  маҳаллӣ  ҳар  як  вакил  ва  аъзои  ҳизб мебошад.

Дар  маҳалҳо   оид  ба  таъсиси  ҷойҳои  корӣ ва  бо  шуғли  хонагӣ  фаро гирифтани ҷавонон,  бахусус  занону  духтарон  чораҳо  андешида, дар  ҳалли  мушкилоти  ҷойдоштаи  мардум саҳми  арзандаи худро  гузорем.

Масъулини ҳизбӣ қайд доштанд, ки кормандони  ташкилоти  ибтидоии  Идораи  замин ва КДФБ,  азбаски ба  мардум сарукор  доранд бояд  сатҳи  баланди  маърифатнокӣ, хислатҳои  неки  ҳамидаи  инсонӣ  ва  касбиятро доро  бошанд.

Хониши  сиёсӣ  дар  сатҳи  баланди  ташкилӣ  баргузор  гардида, ба  саволҳои  иштирокдорон  ҷавобҳои қаноатбахш  гардонида  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg