БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мулоқот вобаста ба ҳушдории ҷомеа аз бемориҳои сироятӣ

КӮЛОБ. Вобаста ба иҷроиши нақшаи суҳбату вохӯриҳо дар ташкилоти ибтидоии “Маркази соломатии кӯдаконаи шаҳрӣ”  дар мавзӯъи “Солимии миллат - яке аз омилҳои рушди давлат” мулоқот роҳандозӣ гардид.

Дар  мулоқот корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Мунаввараи Бозоралӣ иштирок ва суханронӣ карда, гуфт, ки тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва огоҳонидани ҷомеа аз бемориҳои гунонгуни сироятӣ, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба ҳисоб меравад.

Нахуст, дар мулоқот зикр гардид, ки тибқи нишондоди оморӣ дар ҷаҳон  ҳар рӯз ҳазорҳо нафар  ба АНМО/ВНМО (ВИЧ/СПИД) гирифтор мешаванд, ки  50 %-и инҳо ба ҷавонони аз синни 10 то 25 сола рост меояд. Дар ин миён мо ҳизбиён вазифадорем ба дарки ҷомеа расонем, ки саломатии ҳар яки мо дар дасти худи мост.

Инчунин, қайд карда шуд, ки мувофиқи мушоҳидаҳо нисфи зиёди омилҳои гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанбаҳои ахлоқӣ доранд. Аз ин рӯ, моро мебояд, ки  маданияти муносибати ҷомеаро ба гирифторони ин беморӣ  баланд бардорем, то шароити маънавӣ барои озоду ошкор дар ҷомеа зиндагӣ кардани чунин беморонро фароҳам орем ва ба муқобили ҳама гуна шаклҳои рафтори ғайриахлоқӣ мубориза барем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg