БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бори каҷ ба манзил намерасад...

ХОВАЛИНГ. Сокинони ноҳияи Ховалинг аз ҳизби террористӣ-экстремистӣ будани Ҳизби наҳзати ислом ягон шубҳае надоранд. Онҳо медонанд, ки ҳамаи он нобасомониҳо, ҷанги хонумонсӯзи солҳои навадум бо дастони саркардагони ин ҳизби хунхор ва бо дастури хоҷагони хориҷии онҳо дар ивази маблағҳои бебаркаш ба амал бароварда шуда буд.

Ин гуфтаҳо дар асоси ҷадвали баргузории суҳбату хонишҳои сиёсӣ  дар маҳаллаи Санговаки ҷамоати деҳоти Ховалинг оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ гузаронида шуд, бори дигар исботи худро ёфт.

Дар назди ҷамъомадагон мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ш.Набиев баромад намуда, ҳозиринро ба таври кӯтоҳ ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ шинос  намуд. Ш.Набиев дар баромадаш бештар дар бораи хавфу хатари терроризм бо факту далелҳо аз фаъолияти ҳизби террористии ҲНИ ва давлати бо ном исломии ДИИШ сухан ронд. Имрӯз онҳое, ки дар ҲНИ шахсиятҳои маъруф ҳисоб меёфтанд, чун Сайид  Қиёмиддини Ғозӣ, муболиғи ин ҳизб Айёмиддин Сатторов худ иқроранд, ки ҳамаи он ҷангу хунрезиҳои дар ҷумҳурӣ рух доду ба давлату миллат зарари иқтисодӣ, ҷонӣ ва маънавӣ расонида шуд, бо таблиғ ва нишондоди онҳо ва маблағгузории хоҷагони хориҷӣ ба амал бароварда шуд.

Сокинони маҳалла Робиямо Давлатова, Сафарова Меҳрубон  ва чанде дигарон баромад намуда, таъкид бар он доштанд , ки дар тарбияи фарзандон падару модарон масъулияти бештар ҳис намоянд, то ки онҳо ба доми чунин ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ наафтанд. 

Намоиши ҳунарии ташкилнамудаи сокинони маҳалла  бо гуногунӣ хеле диданӣ буд.

Дар аксияи ҳизбие, ки татбиқ карда шуд, сокинони маҳалла дар ҳамкорию ҳамдастӣ иҷрои корҳои муайянро баҳри ободии маҳалла ва ноҳия ба уҳда гирифтанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg