БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқлолият зиндагии озод ва осудаи мост!

ҲАМАДОНӢ. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев ва корманди масъули Кумитаи иҷроия Моҳира Одинаева дар асоси ҷадвали баргузории чорабиниҳо бо аҳолии деҳаи Пушкини ҷамоати деҳоти Қаҳрамон вохӯрӣ гузарониданд. Гадоӣ Сайдалиев дар бораи соли 2018 эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин дар бораи фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона бо мақсади ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ бо ҷамъомадагон суҳбат намуд.

Ҳамчунин масъулин  бораи фаъол гардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шуғл суханронӣ карданд. Дар охир кормандони масъули Кумитаи иҷроия ба маҳсули дасти ҳунармандони деҳаи Пушкини ҷамоати деҳоти Қаҳрамон шинос шуда қайд карданд, ки Истиқлолияти давлати барои ҳар яки мо зиндагии озод ва осуда аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg