БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ташаккули фарҳанги техникии мардум ба хотири истифодаи дуруст аз шабакаҳои иҷтимоӣ

ПАНҶ. Хониши сиёсие, ки дар ташкилоти ибтидоии «Тоҷиктелеком» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб мутобиқи ҷадвали баргузории вохӯриҳо зери мавзӯъи «Истифодаи дурусти технологияи муосир ва шабакаҳои  иҷтимоӣ» роҳандозӣ гардид.

Муайян шудааст, ки  истифодаи ғайримақсадноки шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун  хатарҳои  муосири  геополитикӣ ҳисобида шуда, ба қатори дигар хатарҳо ба истиқлолияти давлатӣ  таҳдид менамояд, гуфт дар баромадаш  Холов Диловар.

Вақтҳои охир гурӯҳҳои ифротӣ, тундгаро ва террористию экстремистӣ  шабакаҳои иҷтимоиро як воситаи осони ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонони гумроҳро  интихоб намудаанд. Ин гурӯҳҳои нохалаф тибқи шабакаҳои иҷтимоии маъмулӣ ба монанди «Одноклассники», «В-контакте», «Фейсбук» ва дигарҳо даъват  ба амалҳои  носазо намуда, нашри ифротгароӣ ва таблиғи ғайриахлоқиро бо  истифода аз дин пахш намуда, мафкураи ҷавононро зери таъсири худ қарор медиҳанд. Ғайр аз ин хатари дигари шабакаҳои иҷтимоӣ  ин ташвиқ  ва таблиғи фарҳанг ва расму  оини бегона  мебошад, ки ҷавонон зуд ба он дода мешаванд.

Дар идомаи сӯҳбат даъват ба амал оварда шуд, ки фарҳанги дуруст ва мақсадноки интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро тарғиб намуда, фарзандонро дар рӯҳияи  одобу ахлоқ ва миллатдӯстиву меҳанпарастӣ  тарбия намоянд, то ин ки унсурҳои хатарноки шабакаҳои иҷтимоӣ  ба онҳо таъсири манфӣ нарасонанд.

Баъдан, Атавуллоева Зебунисо оид ба оғози  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» андешаронӣ карда, қайд намуд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» боз як марҳилаи муҳим дар раванди муттаҳид гардонидани талошҳои дастаҷамъонаи кишварҳои дунё баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об хоҳад шуд.

Татбиқи ташаббуси навбатии Президенти мамлакат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амиқ дарк намудани аҳамияти об, амалҳои мушаххас барои рушди устувор оид ба захираҳои об, рушди соҳаи иҷтимоиву иқтисодиёт, ҳифзи муҳити зист ва ҳам таъмини сулҳу субот дар минтақа ва миқёси ҷаҳон  саҳми арзанда  мегузорад. Аз ин лиҳоз, дар раванди иҷрои ин ташаббуси Пешвои миллат  ба мо мардуми шарифи Тоҷикистон лозим аст, ки ҳар як қатраи ин неъмати ба мо додашударо самаранок истифода бурда,  ба сарфакории ин неъмати бебаҳо роҳ надиҳем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg