БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем” ба беҳбудии рӯзгори мардум саҳм хоҳад гузошт

НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”    хониши сиёсӣ  доир гардид. 

Дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  Фирдавс Ғафурзода, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”  Алимурод Исмоилов  иштирок дошта, доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҳизбӣ, нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, аз байн бурдани  таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум  аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он,  муқовимат бо коррупсия, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ  андешаронӣ карданд.

Инчунин, дар ин росто Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ба дарки ҷомеа расонида шуда, аз онҳо баҳри дар амал татбиқ намудани  аксияи мазкур, ки дар он анҷоми корҳои хайру сахо аз ҷониби шахсони саховатманду хайрхоҳ, корҳои созандагиву ободонӣ дарҷ карда шудааст,   даъват ба амал овард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg