БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунар ганҷинаест касро ба мақсад мерасонад

МӮЪМИНОБОД. Дар деҳаи  Деҳлолои ҷамоати деҳоти ба номи Н.Назарови ноҳияи Муъминобод тибқи ҷадвали баргузории мулоқот бо сокинони деҳа бахшида ба соли Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва Соли тақвияти робита бо маҳал вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гулсунбӣ Раҷабова ва дигар шахсони даъватӣ  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан Гулсунбӣ Раҷабова дар назди сокинон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарғиби либоси миллӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди терроризм, амалҳои коррупсионӣ, расидан ба қадри арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ андешаронӣ намуд.

 Инчунин,  бахшида ба Соли  рушди сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи мазкур намоиши ҳунарҳои дастии сокинони деҳа, аз қабили чакандӯзӣ, заргарӣ, табақтарошӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки аз ин намоишгоҳ масъулин дидан карда, ба ҳунармандони чирадаст барои идома додани  касбу ҳунарҳои миллӣ тавсияҳои судманд доданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg