БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Анҷоми корҳои неку созанда ба манфиати ҷомеа

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии «Корхонаи оби минтақа» бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимнан, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин қайд кард, ки боиси хушбахтии миллати тоҷик аст, ки дар давраи соҳибистиқлолии  кишвар чандин қонунҳои миллӣ ба тавсиб расиданд. Аз аз ҷумла тайи даҳ соли охир Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар  бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул ва роҳандозӣ гардида, ба дуруст сафарбар карани амалҳои хайру сахо мусоидат намуд ва мардум, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлон аллакай ба дарки он расиданд, ки саховатмандӣ ва анҷоми корҳои неку созанда ба манфиати ҷомеа мебошад.

Илова бар ин, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Корхонаи оби минтақа” Маҳсиддинов Амирхон мақсад аз қабули қонуни мазкурро ин баланд бардоштани некуаҳволи халқ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷотҳои зиёдатӣ арзёби кард.

Бояд қайд кард, ки дар қонун мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд анъана, маросим ва ҷашн ҳамаи инҳо таҷлили рӯйдодҳое ҳастанд, ки дар зиндагӣ мо ба онҳо вомехӯрем. Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар  бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамаи инро ба танзим медарорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg