ВАХШ. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон дар маркази ноҳия чорабинии ҳизбӣ оид ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" доир карда шуд.
Дар чорабинии болозикр зиёда аз 150 нафар аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, аъзои намояндагииТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок доштанд.
Дар рафти чорабинӣ Маҳмадов Одилҷон дар назди ҳозирин моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро фаҳмонида, иброз дошт, ки мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур, ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми кишвар, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, гирифтани пеши роҳи хароҷотҳои зиёдатӣ ва роҳандозӣ намудани сарфаву сариштакорӣ мебошад. Ҳамзамон, мавсуф аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки дар доираи қонуни танзим дастархони идона ороста, ба зиёдаравию қонуншиканӣ роҳ надиҳанд. Дар партави Аксияи номбурда ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа, шахсони маъюбу бепарастор, ятимону барҷомондагон дар арафаи иди Қурбон кӯмаки худро дареғ надоранд.