БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Соли рушди сайёҳӣ – соли дастовардҳои тоза дар кишвар

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кӯмакрасон» тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Ализода Одил иштирок намуданд.

Наҷидуллоев Тавакал  ба сухан баромада оид  ба эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ карда, қайд намуд, ки Паёми имсолаи чун Паёмҳои қаблии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як сокини кишварамонро ба он умедвор менамояд, ки кишвари мо новобаста аз вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир таваҷҷуҳи худро ба беҳбудӣ бахшидани зиндагии мардум сол ба сол зиёд намуда, кафолати ҳаёти осоишта ва сулҳу амниятро таҳким мебахшад. Яке аз бахши аслии Паёми Сарвари давлат, махсус дар бобати боло бурдани сатҳи некӯаҳволии мардуми кишвар буд.

Ба хотири андешидани тадбирҳои лозима ба хотири боло бурдани сатҳу сифати зиндагии сокинони кишвар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки соли 2018 дар кишвар ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд. Воқеан,  сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳимми бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg