БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо ҳама шукри Ватани обод ва орому осударо мекунем!

Ҷ.БАЛХӢ.Мутобиқи нақшаи мувофиқашуда оид ба баргузории вохӯриву мулоқот дар корхонаву муассисаю ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳо оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар нимаи дуюми соли 2018 ва ҷиҳати боз ҳам густариш додани иртибот бо мардум ва ҷалби васеъи сокинон дар амалӣ кардани ҳадаф ва мақсадҳои созандаи ҲХДТ дар маҳаллаи Орҷоникидзеи ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки аъзои ҳизб ва сокинони маҳалла вохӯрӣ баргузор гардид.

Вохӯриро мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиев Зафар ифтитоҳ намуда, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва озмунҳои ҳизбӣ таҳти унвонҳои «Беҳтарин доиркунандаи чорабиниҳо дар сатҳи маҳал», “Тарроҳи беҳтарин”, «Маликаи Хатлон», «Армуғони хатлонӣ», «Беҳтарин муаррификунандаи мавеъҳои сайёҳӣ», «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ» андешаронӣ намуд.

Инчунин, масъули ҳизбӣ қайд кард, ки мақсади баргузории вохӯрӣ таҳким бахшидан ба пояҳои Ваҳдати миллӣ ба хотири тақвияти минбаъдаи пояҳои давлатдории миллӣ, амалӣ намудани умедвориҳои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва  оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, инчунин ҷамъбасти Соли тақвияти робита бо маҳалу сазовор истиқбол намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ин робита ба рушди корҳои хонагӣ, косибӣ, касбу ҳунаромӯзӣ, баланд бардоштани фарҳанги миллӣ, ҳифзи суннату анъанаҳои мардумӣ, раҳоӣ ёфтан аз бегонапарастӣ, омӯзиши таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқро ба роҳ монда, ҷалби ҷавононро ба касбу ҳунарҳои мардумӣ ва роҳи ҳалли масъалаҳои бекориро бояд дарёфт намоем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg