ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат дар ташкилоти ибтидоии «Коммуналӣ» бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Нахуст, Азизова Сабоҳат дар баробари тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин оид ба ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, озмунҳои ҳизбӣ, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуд.
Дар рафти хониши сиёсӣ суханрониҳои судманди Сабоҳат Азизоваро иштирокдорон ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, иброз доштанд, ки роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал менамоем!» хело бамаврид аст, мо мардуми шарафманди тоҷик Аксияи ҳизбии номбурдаро ҷонибдорӣ карда, зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар корҳои созандагиву ободонӣ, анҷоми корҳои хайру сахо саҳми арзандаи хешро хоҳем гузошт.