БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанг муаррифгари муқаддасоти миллист

ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади  дар амал татбиқ намудани дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳалаҳои ноҳияҳои Шаҳритуз дар нимсолаи дуюми соли xорӣ дар деҳаи Қаҳрамони xамоати деҳоти ба номи Х.Холматови ноҳия  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинии фарҳангӣ  доир гардид.

Дар чорабинии фарҳангӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Абдуллоева Шоира иштирок ва сухъанронӣ намуд.

Мавсуф дар назди ҷамъомадагон, аз ҷумла ҳунармандони деҳа оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ карда,  сокинонро  барои дар амал татбиқ намудани сиёсати ватандӯстонаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ намуд.

Инчунин, дар  чорабинӣ  намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуда, ҳунармандони маҳалла ҳунарҳои мардумии хешро ба маърази тамошо гузоштанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg