БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Гулшан биёбон мешавад, андар хумори обҳо...

Н.ХУСРАВ. Дар  асоси    нақшаи  мувофиқашуда   оид  ба  баргузории  вохӯриву мулоқотҳо дар  корхонаву  муассиса,  ташкилот ва  деҳаю  маҳаллаҳо оид  ба  самтҳои  афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ- ҳизби  созандаю  бунёдкор бо  ташаббуси  намояндагии   ТҶҶ «Созандагони  Ватан» ҷиҳати  боз  ҳам    густариш  бахшидани   иртибот  бо  мардум  ва  ҷалби   васеъи ҷавонон  ба  амали  намудани  ҳадаф ва  мақсадҳои  созандаи ҲХДТ дар деҳаи Бешкаппаи  ҷамоати  деҳоти  Наврӯз бо  иштироки  васеъи  сокинон ва  вакилони Маҷлиси  вакилони  халқи ноҳия Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Мо аз диёри обҳо” бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”  баргузор  гардид.

Дар  аввал роҳбари  намояндагии   ТҶҶ  «Созандагони  Ватан»  Ш.Остонақулов    ҷамъомадро ифтитоҳ  бахшида,   оид  ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”  ҳарф зада, қайд  намуд, ки  мақсад аз баргузории Аксия  таҳким бахшидан   ба  Ваҳдати  миллӣ ба  хотири  тақвияти  минбаъдаи   пояҳои  давлатдории  миллӣ,  сазовор ҷамъбаст кардани  Соли  тақвияти  робита бо  маҳал ва  сазовор  истиқбол  намудани  ҷашни 30-солагии  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон мебошад.

Дар охир ба иштирокдорон гӯшаи таблиғотии  ҳизбӣ доир ба мавзӯъи Даҳсолаи  байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”  дастрас карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg