БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-раҳнамои мардум дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат дар ташкилоти ибтидоии «Барқчиён» бо аъзову ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва вобаста ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Азизова Сабоҳат дар баробари самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати пешгирифтаи созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Соли рушди  сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  ибрози андеша намуда, иштирокдоронро барои амалигардонии сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ки ба беҳбудии  зиндагии мардум  ва рушду нумуи Тоҷикистони соҳибистиқлол  равон  карда шудааст,  раҳнамоӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg