БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободии Ватан қарзи ҳар соҳибватан аст!

ХОВАЛИНГ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти “Ҷомбахт” оид ба шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сайҷалол Сатторов ва мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроия Ш. Набиев хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Сайҷалол  Сатторов дар баромадаш бештар оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон мамнуъ, истифодаи мақсаднок аз сомонаҳои интернетӣ, моҳияти хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҶумҳурииТоҷикистон мавзӯъҳое буданд, ки дар хониши сиёсӣ матраҳ карда шуданд.

Зимни ҷараёни суҳбат  чанде аз иштирокдорон Сайдаҳмад Ятимов, Шовалӣ Бегов, Саид Тутов, Раъно Бобохонова  атрофи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва татбиқи  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ  таҳти унвони  “Якҷоя ҳал мекунем!”, ки дар он  анҷоми корҳои хайру сахо, созандагиву бунёдкорӣ  дар маҳали зист дарҷ карда шудааст,  андешаронӣ намуда,  ҳамагонро барои дар амал татбиқ намудани  аксияи мазкур  ҳидоят карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg