БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар

ҲАМАДОНӢ. Дар асоси ҷадвали баргузории чорабиниҳо вобаста ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев ва Фирӯз Пиров дар деҳаи Садбаргои ҷамоати деҳоти Қаҳрамон вохӯрӣ баргузор гардид.

Масъулин  дар назди сокинон  дар бораи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», Соли тақвияти робита бо маҳал, татбиқи  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  андешаронӣ намуда, иштирокдоронро барои амали гардонидани  ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, бо дастовардҳои баланд ҷамъбаст намудани Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ ва сазовор пешвоз  гирифтани  27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳнамоӣ карданд.

Инчунин,  дар  вохӯрӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ  аз ҷониби ҳунармандони чирадасти  деҳа  роҳандозӣ карда шуда, иштирокдорон аз маҳсули   ҳунарии  мардуми деҳа  дидан намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg