ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Асомудинзода Садбарг ва Раҷабов Ҷаҳонгир дар шабакаҳои барқи ноҳия доир гардид.
Зимни мулоқот Асомудинзода Садбарг доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, роҳандозии озмунҳои ҳизбӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” суханронӣ карда, моҳияти масъалаҳои номбурдаро мавриди баррасӣ қарор дод.
Доир ба суханронии мавсуф кормандони шабакаҳои барқи ноҳия Асомиддинов Зайниддин ва Насимов Комрон вобаста ба ин хониши сиёсӣ андешаҳои худро баён карда, қайд намуданд, ки мо шахсони муттасаддӣ тибқи бандҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ амал карда, минбаъд низ дар амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи он саҳми муносиб хоҳем гузошт.
Дар ҷараёни хониши сиёсӣ Асомудинзода Садбарг ҳозиринро даъват намуд, ки ҳамчун азои фаъоли ҲХДТ маълумоти аз хониши сиёсӣ гирифтаи худро ба аҳолӣ ба таври аниқ расонанд.
Машғулияти сиёсӣ ба кормандони шабакаҳои барқи ноҳияи Темурмалик таассуроти нек бахшид.