ЛЕВАКАНТ. Тибқи накша-чорабинињои Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар шаҳри Левакант бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ЛКСК шаҳри Левакант бо донишҷӯдухтарони беморхонаи марказӣ, ЛКСК, ҳамшираҳои шавқат ва омӯзгорони ҷавон ҷамъомад таҳти унвони «Эҳтироми либоси миллӣ-эҳтироми миллат аст» баргузор гардид.
Дар ҷамъомад корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Шаҳло Шомудинова, муовини директори ЛКСК Зебо Баротова, директори Литсейи №2 Маснавиева Н, роҳбари сехи адрасбофии «Файзия» Фозилова Файзия, соҳибкорзан Раъно Қурбонова иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сараввал сухани ифтитоҳиро Шаҳло Шомудинова оғоз намуда, қайд кард, ки либос ҳамчун аркони фарҳанги миллӣ ва ҳастии миллат ба ҳам алоқамандии мантиқӣ доранд, чунки либос баёнгари рафтору ахлоқ аст.
Дар охир иштирокдорон шукронаи сулҳу Ваҳдати миллӣ, оромии кишвар, Истиклолияти давлатӣ ва шукуфоии Ватани азизамонро карда, ба ташкилкунандагони ҷамъомади судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд.