БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба хотири рушди босуботи кишвар

ПАНҶ. Яке аз унсурҳои асосии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ҳавасманд намудани аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар хона ва дар ин росто бо шуғл фаро гирифтани занони деҳот мебошад. Дар заминаи ин ба ҷомеа онро ҳамчун соҳаи дармаднок ва манбаи ҷойи корӣ муаррифӣ намудан аст.

Чунин як чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ таҳти шиори «Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба хотири рушди босуботи кишвар» дар маҳаллаи Гулистон1-и ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Гулистон-1» фаъолона иштирок намуда, ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузошта буданд. Меҳмонон, ки ба ҳайати онҳо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат ва ҳунармандон шомил буданд, аз намоишгоҳ дидан карданд.

Ҳамчунин, бояд тазаккур дод, ки дар ин чорабинӣ кишоварзони маҳаллаи мазкур низ фаъолона ширкат намуда, маҳсули заҳмати худро ба маърази тамошо гузоштанд.

Чорабиниро раиси Кумитаи иҷроияи ноҳия Файзиев Каримҷон кушода, меҳмонон зимни баромадҳо атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбат намуданд. Бо Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидан, сокинон ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ шавқу завқи зиёд пайдо карда, корҳои хонагиро ҳамчун манбаи даромади соф қабул намуданд. Илова бар ин, барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба мардум як қатор имтиёзҳои давлатӣ-андозу пардохтҳо, лоиҳаҳову грантҳо пешниҳод карда шуд.

Ҷиҳати анҷоми корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» тӯи суннатии 6 нафар дӯстрӯякони маҳалла баргузор гардид.

Дар идома Файзиев Каримҷон зимни суханронӣ доир ба мавзӯъҳои дигари самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм, фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ ва мубориза бар зидди онҳо ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона бо мақсади ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ баромад намуд.

Идомаи чорабинӣ бо супоридани шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ба нафарони ба сафи ҲХДТ пайваст шуда роҳандозӣ гардида, ба аъзои ташкилоти ибтидоӣ, ки дар баргузории чорабиниҳои ҷамъиятию ҳизбӣ фаъоланд, Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ супорида шуд.

 

                           

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg