НОРАК. Дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар кӯчаи ба номи Раҳим Шодии минтақаи манзилии №2-и шаҳри Норак бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумриниссо чорабинии фарҳангии ҳизбӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ занону бонувон ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, аз ҷониби иштирокдорон ба хушнудӣ пазируфта шуданд.
Зимни вохӯрӣ Гулмуродзода Қумриниссо оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва корҳои хонагӣ баромад намуда, иброз дошт, ки имрӯзҳо эҳё ва ҳифз намудани анъанаҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ қарзи ҳар як фарди тоҷик мебошад ва Тоҷикистонро бо забон, таърих, урфу одат ва ҳунарҳои мардумиаш дар дунё мешиносанд. Маҳз ҳаминро ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд.
Аз тарафи аъзои ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” барномаи консертӣ пешкаши аҳолии деҳа гардонида шуд, ки писанди ҷамъомадагон гардид.