БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Миллати тоҷик аз азал фарҳангпарвару меҳнатдӯст аст

КУШОНИЁН. Вохӯрии раиси Куимтаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара бо  мардуми деҳаи Хурдакаки ҷамоати шаҳраки Бохтариён баргузор гардид.

Инчунин, дар вохӯрӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  намоиши  ҳунарҳои миллӣ ташкил карда шуда,  ҳунармандони деҳа  маҳсули дастони  хешро ба маъразаи тамошо гузошта буданд.

Зимнан Мунаввара Сатторова дар назди сокинон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” андешаронӣ намуда,  иброз дошт, ки мардуми тоҷик  аз азал меҳнатдӯсту  ҳунарманд аст, ки то ба имрӯз анъанаҳои неки ниёгонро  рушд дода истодаанд.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  маҳз ана ҳамин заҳматдӯстии миллати тоҷикро ба назар гирифта,  соли 2018-ро дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд, ки  ин барои сокинон иқдоми бузург мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди тоҷикистониро зарур аст,  зери  сиёсати ватандӯстонаи  Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукргузорӣ аз тинҷиву оромии Ватан софдилона меҳнат намуда, заррае ҳам бошад,  барои боз ҳам ободу зебо гаштани Тоҷикистони соҳибистиқлол  саҳми муносиби худро гузорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg