БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Моро зарур аст дар ҷомеа омилҳои мусоидаткунанда ба коррупсияро бартараф кунем

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб» доир ба самтҳои афзалиятноки ҳизбӣ бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб» Холов Давлатназар иштирок ва баромад намуданд.  Зимнан, қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии муҳимтарин конвенсияҳо   ва   ниҳодҳои   байналмилалӣ дар  соҳаи  мубориза  бо коррупсия буда, дар Осиёи Марказӣ ягона кишваре мебошад, ки аз лаҳзаи таъсиси  Шабакаи    зиддикоррупсионии    Созмони    Ҳамкориҳои    иқтисодӣ ва Рушд (соли 2003) узви он мебошад.
Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз мавҷудияти Стратегияи зикршуда ва дар доираи он амалӣ намудани чорабиниҳо доир ба мубориза бо коррупсия гувоҳи ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва кафолати ноил гардидан ба дастовардҳо дар ин ҷода шинохта шудааст.

Дар ин росто таъкид шуд, ки ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ ва афзоиши самаранокии мубориза бар зидди коррупсия зарур аст, ки фаъолият дар ин самт бо ҷалби васеъи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа ба роҳ монда шуда, дар ҷомеа омилҳои мусоидаткунанда ба коррупсияро бартараф кунем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg