БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанг баёнгари таърихи гузаштаву муосир

ДӮСТӢ. Бахшида  ба эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар  деҳаи ба номи Асрор Раҷаби ҷамоати деҳоти Ҷиликул  чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар баргузории чорабинии мазкур кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ иштирок намуда, аз ҳолу аҳволи рӯзгор ва дастовардҳои фарҳангии сокинони деҳот аз наздик шинос гардиданд. Занони фаъоли деҳа заҳматҳои дастранҷи худро,  аз қабили сӯзаниҳо, гулдӯзӣ ва қуроқдӯзӣ, зардӯзӣ, таъомҳои гуногуни миллиро ба маърази тамошо гузошта буданд.

Дар рафти баргузории чорабинӣ навозиши асбобҳои мусиқии миллӣ аз ҷониби  наврасон ва занони деҳот садо дода,  диққати иштирокчиёнро ба худ ҷалб сохтанд. Сокинони деҳот  аз иқдоми пешгирифтаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам рушд ва зинда гардонидани ҳунарҳои қадимаи мардуми тоҷик изҳори миннатдорӣ баён карда, қайд намуданд, ки чунин чорабиниҳои фарҳангӣ пайваста дар деҳаву маҳалҳо баргузор гардида,  то ин ки насли наврас бо анъанаҳои неки аҷдодии худ маҳорату санъати миллии тоҷиконаро ҳамчун армуғони хатлонӣ ба ҷаҳониён  муаррифӣ намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg