БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Суҳбати сарироҳӣ бо сокинони деҳаи Чаманоро

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Чаманорои ҷамоати деҳоти Лолазор намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Зимни баргузории чорабинӣ доир ба мавзӯъҳои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси марказҳои хурди ҳунаромӯзӣ барои сокинони маҳал ба ҳамин восита таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳбудӣ бахшидан ба шароити иқтисодӣ ва вазъи иҷтимоии оилаҳо, пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷомеа ва шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ,  суҳбат доир гардида, иброз карда шуд, ки эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар заминаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ воситаи муҳими муаррифии таъриху тамаддуни қадимаи мо тоҷикон ба ҷаҳониён ва беҳтар гардидани вазъи иқтисодиву иҷтимоии зиндагии шаҳрвандон мегардад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg