БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон ба қадри ободӣ ва суботу оромии Ватан мерасанд

ВОСЕЪ. Дар деҳаи Восеободи калони ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ бо иштироки мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Ситамова Роҳила бо сокинони деҳа вохӯрӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот Ситамова Роҳила оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ба сокинон маълумоти муфассал дода,  дар идома қайд намуд, ки Истиқлолияти давлатӣ арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолори тоҷик буда, барои бунёди давлатдории навин, рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву ҳуқуқӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ заминаи боэътимод фароҳам овардааст. Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.

“Халқи бузургу қаҳрамони тоҷик! Мо ҳама даст ба дасти ҳам дода, дар фазои сулҳу оромии  Ватани азизамон -Тоҷикистонро ба биҳишти рӯи замин табдил медиҳем!”.  Зимнан раиси маҳаллаи  Восеободи калон Нозимов Қурбон бо як ҳисси баланд ин суханҳои Пешвои миллатро ба забон оварда, иброз намуд, ки мо ҳама дар якҷоягӣ аз як гиребон сар бароварда, дар пешрафту тараққиёти  Ватани азизамон ва шукуфоии он саҳми арзандаи худро хоҳем гузошт.

Инчунин, бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи мазкур намоиши ҳунарҳои дастии сокинон ва маҳсулоти  кишоварзӣ ба намоиш гузошта шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg