БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ба нерӯи созандаи ҷавонон такя мекунад

БАЛҶУВОН. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон тибқи ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Балҷувон дар нимаи дуюми соли 2018 оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ», баргузории чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, татбиқи Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», анҷоми корҳои созандагиву бунёдкорӣ, пешгирии ҳодисаҳои номтлуби ҷомеа, аз ҷумла террористиву экстремистӣ, амалҳои коррупсионӣ, қаллобию нашъаҷаллобӣ дар ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг»  баргузор гардида, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия атрофи масъалаҳои номбурда дар назди ҷамъомадагон андешаронӣ карданд.

Инчунин, дар идомаи суҳбат масъулин   оид ба роҳандозии озмунҳои ҳизбӣ таҳти шиорҳои “Тарроҳи Хатлон”, “Маликаи Хатлон”, “Армуғони хатлонӣ, “Беҳтарин доиркунандаи чорабиниҳо дар сатҳми маҳал”, ки бештар ба соҳаи фарҳанг марбут аст,  ёдовар шуда, онҳоро  барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ карданд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg