Ҷ.БАЛХӢ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии «Почта”-и ноҳия бо иштироки кормандони он хониши сиёсӣ оид ба мавзӯъи “Терроризм ва ифротгароӣ хатари ҷомеа аст!” баргузор намуданд.
Хониши сиёсиро корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оғоз намуда, зикр кард, ки падидаи номатлуб, аз ҷумла, терроризми байналмиллалӣ, шомилшавии махсусан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти экстремистидошта ҳамчун вабои аср имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод менамояд. Аз ин лиҳоз баҳри пешгирии ин амалҳои номатлуб аҳли ҷамоатчигиро зарур аст, ки аз тамоми воситаву имкониятҳои мавҷуда истифода бурда нагузорем, ки наврасону ҷавонони мо фирефтаи баъзе гурӯҳҳову ақидаҳои носолим гардида бошанд. Баъдан дар доираи ин мавзӯъ суҳбати кушод ороста гардид, ки ҳамагон фикру ақидаи хешро нисбати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористию экстремистидошта баён карданд.