БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон аз ташаббусу пешниҳоди Пешвои миллат қаноатманданд

ХОВАЛИНГ. Дар асоси нақшаи корӣ оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар маҳаллаи Саримазор вохӯрӣ гузаронида шуд, сокинони маҳалла аз пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар суҳбат дар баробари дастуру ҳидоятҳо аз  Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бароянда мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сайҷалол Сатторов дар бораи истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва пардохти маблағи барқи истифодашуда, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, риояи фарҳанг ва урфу одатҳои миллӣ, истифодаи мақсаднок аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ, мубориза ба нашъамандию нашъаҷалобӣ,  роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, моҳияти хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ,  моҳияти қонунҳои миллӣ ба ҷамъомадагон андешаронӣ карда, онҳоро барои иҷрои масъалаҳои номбурда ҳидоят намуд.

Намоиши ҳунарии ташкилнамудаи сокинони маҳал бо рангорангӣ ҷолиб ва хеле диданӣ буд. Инчунин, дар чорабинӣ Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” татбиқ карда шуд.  Сокинони маҳал ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки ҳамаи масъалаҳои бамиёномодаро якҷоя ҳал намуда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкории маҳалли зист ва ноҳия саҳми худро мегузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg