БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Терроризми динию мазҳабӣ асоси терроризми бунёдгароист

ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Камунадеҳа» хониши сиёсӣ доир намуданд.

Дар ин мулоқот раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳия Назаров Алиҷон дар назди ҳозирин баромад намуда, вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  аз он ҷумла оид ба  пешгирии гаравидани ҷавонон ба ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, мубориза бар зидди амалҳои коррупсия ва нашъамандию нашъаҷаллобӣ ибрози ақида намуд.

Зимни мулоқт мавсуф қайд намуд, ки солҳои охир дар ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои пасошӯравӣ ва исломӣ воқеият собит намуд, ки маҳз ҷавонон гурӯҳи осебпазири ҷомеа мебошанд. Ҳама гуна тазоҳурот ва паҳн намудани идеологияву ақидаҳои гуногун аз тарафи гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ мазҳаби маҳз ба воситаи ҷавонон тарҳрезӣ мешавад.Терроризми динию мазҳабӣ асоси терроризми бунёдгароист. Бунёдгарон ба он эътиқод дорад, ки ҳақиқати маҳзро танҳо вай медонад ва дигарон ботилу гумроҳ ва ноҳақанд. Дарку бардошти бунёдгароён аз воқеият сатҳӣ ва нодуруст мебошад. Шарт аст донем, ки шахси худкуш то кадом андоза аз масъалаҳои динӣ, ахлоқӣ, ҳақиқат, фазилат ва мақоми шоистаи инсон, аз тақво ва парҳезкорӣ, аз ҳадафи зиндагию маъною мафҳуми диндорӣ ва он чӣ марбут ба инсону инсоният асту боиси боздорандагии ҷурму ҷиноят мешавад, огоҳӣ дорад. Онҳое ки огоҳӣ ва иттилоъ аз дин ва инсоният надоранд, фавқулода хатарноканд ва амалеро анҷом медиҳанд, ки ба ҷойи фоида ба ҷомеа зарар мерасонад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg