КУШОНИЁН. Дар асоси ҷадвали баргузорию мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо кормандони Беморхонаи рақами 1-и ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолтияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Мунаввара Сатторова иштирок дошта, вобаста ба вазъияти сиёсии кишвар ҷамъомадагонро шинос намуд.
Баъдан мавсуф дар ҷараёни суҳбат амали ваҳшиёнае, ки рӯзи 29-уми июли соли равон дар ноҳияи Данғара 4 нафар сайёҳи хориҷиро ваҳшиёна ба қатл расониданд, ки амали манфуру аҳриманонаи ташкилоти экстремистиву террористии ТТЭ ҲНИ суханронӣ намуд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин ҳодиса садама набуда, балки амали қаблан омодашудаест, ки гурӯҳи ҷавонони тундрав онро ба хотири паст намудани эътибори кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ роҳандозӣ намуданд. Масъулияти куштори сайёҳони хориҷиро дар марзи Тоҷикистон ба уҳдаи худ гирифтани ин шаҳрвандони ҷавон собит намуд, ки даҳшату иғвою вандализми муосирро дар куҷое, ки хоҳанд, роҳандозӣ мекунанд. Ҳадафи барпокунандагон аз ин амал танҳо ворид намудани нуқс дар суботи кишвар набуда, ба василаи куштори сайёҳони хориҷӣ табоҳ кардани муносиботи Тоҷикистон бо дигар кишварҳои хориҷӣ мебошад. Аммо чун зӯргӯёну зӯроварону дигар гурӯҳҳои тундрав, ки айни замон дар тамоми гӯшаву канори кураи замин ба кишти зулм машғуланд, ҳадафҳои ғаразнок доранд ва ҳеҷ гоҳ ба мақсади худ намерасанд, чунки дар замони муосир ҳамагон аз найрангҳояшон воқиф гардидаанд.