БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон аз фазои сулҳу суботи кишвар шукргузоранд

 Ҷ.БАЛХӢ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар маҳаллаи Роҳи оҳани ҷамоати деҳоти Маданият намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор намуданд.

Масъулин дар рафти суханрониашон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуда, ҷамъомадагонро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ,  тарбияи дурусти фарзадон дар роҳи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ, риояи талаботи қонунҳо раҳнамоӣ карданд.

Инчунин, дар ин баробар  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро ба дарки ҷомеа расонида, онҳоро  ҷиҳати дар амал татбиқ намудани аксияи  мазкур  ҳидоят намуданд. 

Дар охир иштирокдорон  бо шукргузорӣ аз  фазои сулҳу суботи кишвар аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, ба ҳунармандони маҳалла изҳори  миннатдорӣ баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg