БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Рӯзе, ки башарият ба рушди фикрӣ бирасад дигар эҳтиёҷе ба қонун нахоҳад монд!

ФАРХОР. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсиву ҳуқукию маънавӣ ва огаҳ намудани сокинон аз хатарҳои терроризму экстремизм кормандони  масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Обшорон», ки сокинони деҳаи Обошорони ҷамоати деҳоти Деҳқонариқро муттаҳид месозад, хониши сиёсӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир намуданд.

Дар ин чорабинӣ дар назди ҳозирин муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Шаҳбози Искандар баромад намуда, саравал оид ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал,  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” суханронӣ намуд. Ҳамчунин, оид ба  хатару таҳдидҳои терроризму экстремизм, назорати ҷиддии фарзандон ҷиҳати пешгирии гаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротӣ ибрози ақида карда, сокинонро аз хавфу хатарҳои   гурӯҳҳои  ифротӣ  огоҳ намуд.

Баъди анҷоми хониши сиёсӣ масъулин аз намоиши ҳунарҳои миллӣ, ки ҳунармандони деҳаи Сайёра омода намуда буданд, дидан карданд ва ба ҳунару истеъдоди онҳо баҳои баланд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg