БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Озмунҳои ҳизбӣ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ нигаронида шудааст!

ТЕМУРМАЛИК.  Дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо  вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо иштироки    Асомудинзода  Садбарг ва Раҷабов Ҷаҳонгир  дар  Ҷамъияти матлуботи   ноҳия  баргузор карда шуд.

Зимни мулоқот Асомудинзода  Садбарг  дар  мавзӯъи   самтҳои             афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, озмунҳои ҳизбӣ таҳти унвони “Тарроҳӣ беҳтарин”, “Маликаи Хатлон”,  “Беҳтарин доиркунандаи чорабиниҳо дар сатҳи маҳал” суханронӣ  кард.    

Доир ба суханронии мавсуф кормандони Ҷамъияти матлуботи ноҳия Толибов Ҳабибулло ва Сафаров Хуршед  андешаҳои худро озодона баён карданд.

Зимни  мулоқот  иштирокдорон  амали  террористии хоинони  миллатро  сахт маҳкум  карданд.       

Дар ҷараёни мулоқот Асомудинзода  Садбарг  аз ҳозирин даъват  намуд, ки ҳамчун азои фаъоли ҲХДТ маълумотҳои аз хониши сиёсӣ гирифтаи худро  ба   аҳолӣ ба  таври  дуруст тарғиб намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg