БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вазифаҳои ҳизбиён баҳри татбиқи ҳадафҳо ҷиҳати пойдорӣ ва устувории суботу оромии Ватан

ПАНҶ.  Ин навбат бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Ҳифзи иҷтимоӣ» атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб Хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Мавзӯъи дарси сиёсӣ яке аз мавзӯъҳои муҳими рӯз,  вазифаҳои сохторҳои ҳизбӣ бо мақсади сафарбар намудани сокинон баҳри татбиқи амалии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ бо роҳи таблиғоту тарғиботи  созанда  интихоб гардид.

Нахуст,  Файзиев Каримҷон дар баромадаш оид ба вазифаҳои ҳизбиён гуфта гузашта, қайд намуд, ки таблиғотчиёни ҳизбиро зарур аст, ки дарсҳои ватандориву ватансозиро  ба ҷомеа ва махсусан ба қишри ҷавони ҷомеа ба таври моҳирона биомӯзонанд. Дар шароити имрӯза  масъулини ҳизбиро мебояд, ки пеш аз ҳама аз сиёсати хирадмандонаву созандаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб дарк карда онро ба мардум дуруст расонем, онҳоро дар роҳи созандагию бунёдкорӣ, ҳифзи сулҳу субот ва амният дар кишвар фаъол намоем. Натиҷаи ҳамаи ин фаъолият он хоҳад буд, ки ҳар кас новобаста  аз вазъи иҷтимоии худ  дар ҷараёни давлатдорию давлатсозӣ  вазифаи худро дарк намояд.

Баъдан оид  ба Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ дар доираи татбиқи Аксияи  тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ҷиҳати дар  сатҳи баланди фарҳангӣ ҷамъбаст намудани Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робитаи ҳизб бо маҳал андешаронӣ гардид.

Дар идома Холов Диловар дар баромадаш оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»  ибрози андеша намуда, даъват ба амал овард, ки ҳизбиён баҳри сарфаю сариштакорона  истифода бурдани ҳар қатра об ва  дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи  ҲХДТ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, дар амалӣ гардидани ин ҳадафҳо  саҳмгузор бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg