БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тараннуми соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳот

Н.ХУСРАВ. Мутобиқи    нақшаи  мувофиқашуда   оид  ба  баргузории  вохӯриву мулоқот дар  корхонаву  муассисаю  ташкилот ва  деҳаю  маҳаллаҳо оид  ба  самтҳои  афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ дар  нимаи  дуюми  соли  2018 ва ҷиҳати  боз  ҳам    густариш  додани  иртибот  бо  мардум  ва  ҷалби   васеъи сокинон  дар  амалӣ  кардани  ҳадаф ва  мақсадҳои  созандаи ҲХДТ  дар маҳаллаи  ба номи Ҷаббор  Қодирови  ҷамоати  деҳоти  Фирӯзаи ноҳияи  Носири  Хусрав, ки  яке  аз  дурдасттарини ноҳия    ба  шумор  меравад, бо  иштироки    аъзои  ҳизб ва сокинони  деҳа  вохӯрӣ баргузор  гардид.

Вохӯриро раиси   Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия Алиева  Сураё  ифтитоҳ  намуда,  ба  сокинони  ноҳия оид  ба  ҳодисаи нангине, ки  боиси  марги  сайёҳони хориҷӣ гардидааст,  огоҳ  намуда, ҷиҳати  минбаъд  пешгирии  амалҳои террористӣ сокинонро  огоҳ  намуд.

Инчунин, қайд  намуд, ки  мақсади баргузори  вохӯрӣ,  таҳким бахшидан   ба  ваҳдати  миллӣ ба  хотири  тақвияти  минбаъдаи   пояҳои  давлатдории  миллӣ, амалӣ  намудани  умедвориҳои  Соли  рушди  сайёҳӣ  ва  ҳунарҳои  мардумӣ, оғози  Даҳсолаи  байналмилалии  амал «Об  барои  рушди  устувор, солҳои  2018-2028”, ҷамъбасти Соли  тақвияти  робита бо  маҳал ва  сазовор  истиқбол  намудани  ҷашни 30- солагии  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, иборат  мебошад.

Дар  ин  робита  ба  рушди  корҳои  хонагӣ, косибӣ, касбу ҳунаромӯзӣ, баланд бардоштани  фарҳанги миллӣ, ҳифзу суннату  анъанаҳои  мардумӣ. раҳоӣ ёфтан  аз  бегонапарастӣ, омӯзиши таъриху фарҳанги гузаштаву  муосири  халқро  ба  роҳ  монда,  ҷалби  ҷавонон  ба  касбу  ҳунарҳои мардумӣ ва роҳи  ҳалли  масъалаҳои  бекориро  дарёфт  намоем.

Сокинони  маҳалла, ки  аз  оби  нӯшокӣ  танқисӣ  доранд,   иқдом  гирифтанд, ки барои  кофтани як  чоҳи  амудӣ  барои  дастраси  оби  ошомиданӣ   саҳми худро  мегузоранд.   

Аз  ҷониби  сокинон   намоиши хӯрокаҳои  миллӣ, аз  ҷумла тайёр  намудани оши  бурида   ва тарзи  тайёр  намуданашро  ба  иштирокдорон  пешниҳод  намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg