БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ба ободонии маҳал нигаронида шудааст!

МӮЪМИНОБОД. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бо мақсади дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»   ҳашари умумиро баргузор намуд.

Дар ҳашари умумӣ  асосан корҳои таъмири роҳҳои марказӣ, тозаю озода намудани  роҳраву ҷӯйборҳои  обгузар аз алафҳои бегона ва партовҳо роҳандозӣ шуда, иштирокдорони чорабинӣ бо дасту дили  гарм  дар фазои тинҷу ороми кишвар ва шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корҳои созандагиву ободонӣ саҳми  арзандаи хешро гузоштанд. Ҳизбиёни ноҳияи Муъминобод минюаъд низ  ният доранд дар партави  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» корҳои созандагиву  бунёдкориро дар ҳудуди ноҳия роҳандозӣ хоҳад кард.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg