БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эй, ки дастат мерасад, дасте бигир…

ЛЕВАКАНТ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант пайваста ба маъюбону бепарасторон, шахсони яккаву танҳо, ятимону шахсони ниёзманди ҷомеа кӯмаки моддиву маънавии  худро дареғ намедорад ва дар арафаи иду ҷашнҳои давлативу миллӣ  нисбати  табақаҳои  этиёҷманд  ғамхориҳои ватандӯстонаи хешро амали менамояд.

Ин навбат дар арафаи ҷашни 27- солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди Қурбон  ба сокини деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳр Тоҳиров Ҷӯрабек маҷруҳи гурӯҳи 2-юм бо ташаббуси раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Саидҷаъфар аробачаи маъюбӣ ва аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант  Шомуродзода Сайдъазам ба маблағи 200 сомонӣ кӯмаки молиявӣ  расонида шуд.

Тоҳиров Ҷурабек  иқдоми неки  ҳизбиёнро идомаи ғамхориҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, барои дастгирии бевоситаи давлату Ҳукумат ва шахсони хайрхоҳу ватандӯст нисбати маъюбону бепарасторон, ки ҳамавақт зери таваҷҷуҳ қарор доранд, изҳори миннатдорӣ баён намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg