БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо ҳама шукри Ватани ободу орому осударо мекунем!

КУШОНИЁН.  Кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал  дар деҳаи С.Айнии ҷамоати деҳоти Навбаҳор вохӯрӣ гузарониданд.

Зимнан  масъулин дар назди сокинон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз шомилшавии  ҷавонон ба ҳизбу  ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирӣ  аз бегонапарастӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона ва  ҷалби шахсони бекор ба касбу ҳунарҳои мардумӣ,  риояи  талаботи қонунҳои миллӣ,  назорати ҷиддӣ бурдан дар раванди таълиму тарбияи фарзандон, алалхусус ҷавонон,  ба фарзандон муҳаё сохтани шароити хуби таълим дар соли нави хониш ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ намуданд.

Инчунин, дар ин раванд моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро ба иштирокдорон фаҳмонида, онҳоро  барои дар амал татбиқ кардани  Аксияи мазкур, ки ба  некӯаҳволии мардум ва ободии  маҳали зист  нигаронида шудааст, раҳнамоӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg