БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Баланд бардоштани дониши сиёсии ҳизбиён тавассути курси бозомӯзӣ

КӮЛОБ. Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва дигар фаъолони ҳизб курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ, ташкилотҳои ибтидоӣ ва кормандони масъули ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи «Тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар минтақаҳо ва баланд бардоштани дониши сиёсии раисони ташкилотҳои ибтидоӣ» доир карда шуд.

То оғози чорабинӣ гурӯҳи кории Дастгоҳи КИМ ҲХДТ аз рафти намоиши китобҳо ва ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Олимон” боздид намуданд.

Курси мазкур бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қӯрбоналӣ, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Наимов Маҳмадулло, мудири бахши бақайдгирӣ ва кор бо созмонҳои ҷамъиятии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло, рӯзноманигорӣ нашрияи “Минбари халқ” Азамат Дӯстов, узви ҲХДТ, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Исмоилзода Саидмурод ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул оғоз гардид.

Зимнан, Исмоилзода Саидмурод машваратро ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмононро ба Кӯлобшаҳри бостонӣ хушмадед гуфта, ин иқдоми КИМ ҲХДТ-ро ҷиҳати тақвияти дониши сиёсии ҳар як аъзои ҳизб саривақтӣ ҳисобид.

Иштирокчиёни гурӯҳи корӣ дар мавзӯъҳои гуногуни самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ намуданд.

Дар ҷамъбаст раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло аз раванди курси бозомӯзӣ натиҷагирӣ намуда, ба иштирокчиён дар роҳи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ барору комёбӣ таманно намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg