БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аъзои ҲХДТ ҷонибдори зиндагии шоистаи мардум мебошанд!

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Алишери Навоӣ” хониши сиёсӣ дар доираи Аксия тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баргузор карда шуд.

Дар чорабинӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобиддин оид ба мафҳуми экстремизм ва терроризм, сабабу  омилҳо ва воситаҳои дигаре, ки одамонро ба ҷараёни мазкур мепайванданд, таҳлили комили таснифоти терроризм, мубориза бар зидди он, пешгирии шомилшавии ҷавонон баромад намуд.

Инчунин,  қайд гардид, ки барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро  ҳама гуна усулҳо, аз ҷумла усулҳои экстремистиву террористӣ васеъ истифода бурда мешаванд. Ин гуна гурӯҳҳо даст ба амали ғайриқонунӣ зада, тавассути зӯроварӣ ҳал намудани масъалаҳоро ихтиёр намудаанд.

Дар гӯшаю канори гуногуни олам қариб кишваре ва ё минтақаеро дарёфт намудан мумкин нест, ки аз амалҳои террористӣ ва оқибатҳои ҳузновари он дар канор монда бошад. Махсусан дар даҳсолаи охир терроризм дар шаклҳои бадтарин зуҳур гардида, бештар даҳшатнок гардидааст.

Дар охири чорабини қайд доштанд, ки аъзо ва ҷонибдорони ҳизби моро пайравони сиёсати Пешвои миллат ва дустдорони ороми ва сулҳу суботи Тоҷикистон ташкил медиҳад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg