БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Корҳои ободонӣ дар доираи аксияии ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Данғара дар деҳаи Данғараи болои ҷамоати деҳоти Корез Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”баргузор гардида мардум ба ободсозии мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, сайёҳӣ ва кучаҳо сафарбар гардиданд.

Чорабинии мазкур бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҷамоати деҳоти Корез Идиев Ҳокималӣ гузаронида шуд.

Яке аз ҳадафҳои асосии баргузории аксияи мазкур ин омодагии ҳамаҷониба ҷиҳати дар сатҳи сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он бо ҷалби аҳолии деҳа дар мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ,  сайёҳӣ ва кӯчаҳо баргузор гардид.

Зимнан қайд намудан ба маврид аст, ки баргузории чунин Аксияву чорабиниҳо оид ба ободонию созандагӣ дар шакли дастаҷамъона нишонаи якдиливу якмаромӣ ва баланд гардидани эҳсоси масъулиятшиносиву зебоипарасти аҳолӣ нисбати зебогии муҳити атроф ва дар маҷмӯъ Тоҷикистони азиз мегардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg