БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар дили ҷавонону наврасон ҳисси ифтихор аз гузаштаи бостонро бедор намуд

ВОСЕЪ. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Гулободи ҷамоат деҳоти ба номи Абӣи Авазов бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Шаҳноза Раҷабова, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Ситамова Роҳила, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”  намоиши ҳунарҳои миллӣ доир гардид.

Зимнан Шаҳноза Раҷабова ба наврасону ҷавонон ишора намуда, қайд кард, ки миллати тоҷик соҳиби оину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату оинҳои нек, ҳунарҳои мардумии ниёгон ва ҷашнҳои миллии мо дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд.

Ин амали нек ҳам барои мардуми мо муҳим аст ва ҳам барои меҳмонони азизи давлати мо. Хусусан барои ҷавонону наврасон аз он ҷиҳат муҳим аст, ки аз як ҷиҳат онҳо бо омадани сайёҳони хориҷӣ бо андешаву афкор, фарҳанг, муносибати отифонаи мардумони гуногуни олам ошно мегарданд, аз ҷиҳати дигар меҳмони гиромии мо низ бо табиати нотакрору биҳиштосои Тоҷикистон, ҳунарҳои мардумие, ки таърихи чандҳазорсола доранд, муҳити фарҳангӣ, шеъру шоирӣ, мардуми адабпарвару меҳмоннавози кишвари мо шинос шуда, бо ғизои маънавӣ ба диёри хеш бармегарданд.

Ҳамзамон, сокинон аз ин амали неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдор буда, қайд намуданд, ки доимо сиёсати пешгирифтаи ин шахси закиву хирадмандро дастгирӣ намуда, барои рушду нумӯи кишвари азизамон саҳми хешро дареғ намедорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg