БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аз панҷаи бонувони тоҷик ҳунар мерезад!

ВАХШ. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия бо ташаббуси мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Нуралиева Мадина дар  ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии  «Сохтмон»-и  ҷамоати  деҳоти  Тоҷикободи  ноҳия  Вахш  чорабинӣ  атрофи  самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ  дар  доираи  Соли  рушди  сайҳӣ  ва  ҳунарҳои  мардумӣ  баргузор карда  шуд.

Дар  чорабинии  болозикр  раиси  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Вахш  Одилҷон  Маҳмадов  ва    мудири  шуъбаи  ташкилӣ  ва  баҳисобгирии  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  Ҷалилов  Исмоил  иштирок  ва  суханронӣ   намуданд.

Сараввал   Маҳмадов  Одилҷон  дар  назди  ҳозирин  ба  сухан  баромада, иброз  дошт,  ки  бонувони тоҷик бисёр ҳунарманд буда, панҷ панҷаашон ҳунар аст ва мо бояд занонро доимо иззату эҳтиром кунем ва ба қадри заҳматҳояшон бирасем.

Дар  охир,  масъулин  аз  намоиши  ҳунарҳои  бонувони  чирадасти  маҳаллаи  мазкур,  ки  ба  маърази  тамошо  гузошта буданд,  дидан  намуда,  барои  ривоҷу  равнақ  додани  ин  соҳаи  басо  муҳим  маслиҳатҳои  муфид  доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg