БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар доираи аксияи ҳизбӣ масъалаҳои экологироро ҳал мекунем!

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҷангали вилоят» тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардида, дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Наҷидуллоев Тавакал ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Ализода Одил иштирок намуданд.

Зимнан Наҷидуллоев Тавакал  ба сухан баромада, оид ба баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ҳамбастагии инсону табиат, ҳисси эстетикиву дӯстдории наботот, эҳсоси фараҳмандӣ аз бӯи муаттари гулҳо андешаронӣ кард.

Нигоҳубини табиат, набототу растаниҳо ба саломати инсон ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ нақши бузургро дорост аз ҳамин хотир мо бояд бешаю кӯҳу пуштаҳои сарбафалаке, ки кишвари моро ҳусни дучанд мебахшад ҳифз намоем. Ҳамзамон, даъват намуд, ки дар доираи аксияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем” дар ҳалли масъалаҳои экологӣ бояд саҳми бештар гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg