БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияи тарғиботи-амалии ҲХДТ “Якҷоя ҳал мекунем!” ба сокинон фаҳмонида шуд!

БАЛҶУВОН. Дар маҷлисгоҳи ҷамоати деҳоти Балҷувони ноҳияи Балҷувон семинари омӯзишӣ аз тарафи кормандони бахши омори ноҳия дар байни раисони маҳаллаҳо ва баҳисобгирандагони китобҳои хоҷагидории ҷамоатҳои деҳоти ноҳия доир карда шуд.

Дар семираи омӯзишӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон иштирок дошта,  оид ба риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва пешгирии ҳодисаҳои номатлуби террористиву экстремистӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз баромад намуда, иштирокдоронро бори дигар таъкид карданд, ки барои саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкории маҳаллаву деҳаи худ ва ҳимояи марзу буми Ватани хеш ҳамеша камари ҳиммат банданд ва дар роҳи амалӣ намудани Аксияи ҳизбии тарғиботи-амалии “Якҷоя ҳал мекунем!” аз онҳо даъват ба амал оварда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg