БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Оилаи солим кафолати фардои босаодат аст

КӮЛОБ. Бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази солимии репродуктивии №1” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ мулоқот баргузор карда шуд.

Дар мулоқот мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, роҳбари  намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Мунаввараи Бозоралӣ ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази солимии репродуктивии №1” Ҳамидова Наргис иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мунаввараи Бозоралӣ зимни баромади хеш қайд кард, ки зӯроварӣ дар оила ин кирдори қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ба ҳисоб меравад.

Инчунин, Ҳамидова Наргис қайд кард, ки ҷиҳати пешгирии омилҳои номатлуби зӯроварӣ дар оила, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, иттилоотонии аҳолӣ, пешгирии никоҳи хешу таборӣ, пошхӯрии оилаҳо, пеш аз никоҳ гузаштан аз муоинаи тиббӣ  аз тарафи давлату Ҳукумати мамлакат, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои муассир андешида шудаанд.

Дар охир таъкид гардид, ки роҳи ҳалли мушкилотҳои зӯроварии хонаводаги аз ҳамкории якҷояи сохторҳои давлатӣ, ҷомеа шаҳрвандӣ, фаъолони ҷомеа ва созмонҳои ҷамъиятию байналмилалӣ вобастагии калон дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg