БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо сокинон хатарзо будани ТЭТ ҲНИ-ро хуб медонем ва ҷавононро аз хатарҳои он огоҳ месозем!

ПАНҶ. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи баромадҳояшон пайваста таъкид менамоянд, ки ҷангу ҷидол, бадбинӣ яке аз хислатҳои бади инсонӣ буда, хоси мардуми тоҷик нест. Зеро мардуми тоҷик дар ҳама давру замон чун миллати бофарҳангу сулҳдӯст ва меҳмонавозу инсондӯст шинохта шудааст.

Бо содир гардидани амали ноҷавонмардона, ки дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сурат гирифт, хоинон, душманони миллат,  кӯшиш намуданд, ки Тоҷикистонро  дар сатҳи ҷаҳонӣ бенуфуз ва эътиборашро коста гардонанд.

Сайёҳӣ аз ҳисоби муносибатҳои тиҷоратӣ  дар байни давлатҳо ба миён омада,  барои пешрафти  ҷомеа аҳамияти хоса дорад.  Он барои  васеъ гардидани ҷаҳонбинӣ,   шинохти фарҳангу  миллат ва дӯстии  халқиятҳои гуногун мебошад.

Воқеаи нангине, ки дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон рӯй дод, ҳаргиз садди роҳи саёҳони ҷаҳонро гирифта наметавонад. Зеро ин амалҳои хоинони миллат ҳаргиз наметавонад дӯстии байни халқҳо ва сулҳу оромиро дар Ватани азизамон халалдор намояд.

Суханрониҳои судманди масъулинро дар хониши сиёсӣ вобаста ба амали террористӣ аъзои ташкилоти ибтидоии ҶСК Сарой-Камар” дастгирӣ намуда, ҳамлаи ноҷавонмардонаву хоинонаи гурӯҳи муташаккили

Ҷинояткоронро қотеъона маҳкум  карданд ва иброз доштанд, ки дигар барои содир шудани амалҳои террористии хоинони милат бо роҳбарии  хоҷагони хориҷӣ роҳ намедиҳем.

Дар идомаи суханронӣ оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” андешарони карда, қайд гардид, ки  вазифаи муқаддаси ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ риояи қонуни амалкунанда ва дар амал татбиқ намудани ҳамаи нуктаҳои асосии дар он дарҷ гардида мебошад. Дар ин замони пуртаззоду ноором лозим аст, ки дар тарбияи дурусти фарзандон- ояндасозони  кишвар, парчамдорони Тоҷикистон саҳмгузор бошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg